Раванди амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия
7-уми феврали соли 2024 дар доираи ислоҳоти милитсия Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Дафтари САҲА дар Душанбе ҷаноби Юкка Туононен вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва расонидани ёрии амалӣ дар раванди ислоҳоти милитсия ба ҷаноби Юкка Туононен изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои талаботи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» як қатор тадбирҳои заруриро ба нақша гирифта, амалӣ намуда истодааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дар доираи ислоҳоти милитсия аз ҷониби Дафтари САҲА дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-адад автомашинаи тамғаи «Дамас» барои Нуқтаҳои сайёри милитсия ҷиҳати қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар манотиқи дурдасти кишвар, тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба