Рух додани ҳодисаи нақлиётӣ дар ноҳияи Данғара
17-уми декабри соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомобили боркаши тамғаи “ГАЗ-53”, Холов Шомурод Гулмуродович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми аз маркази ноҳияи Данғара дар автомашинаш 4 тоннаю 600 литр оби ошомиданиро ба деҳаи Сомондеҳи ноҳияи мазкур бурдан дар баландии теппа қисмати эҳтиётии автомашинааш (кардан) шикаста автомашина аз баландии теппа бо роҳи нишебии 95 метр ба поён сарозер шуда, дар вақти автомашинааш идора нашаванда шудан ҳамсараш Баротова Хосият Файзиддиновна, соли таваллудаш 1975, сокини ҳамин ноҳия аз дохили кабинаи автомашина афтида, зери чархи автомашина монда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















