Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи сентябри соли 2024, дар ҶДММ «Мурғи Шоҳ», ҳамчун намояндаи тиҷоратӣ кору фаъолият намуда, дар ин давра маҳсулотҳои гуштиро тибқи фармоиши мизоҷон аз ширкат гирифта, дар бозорҳо, марказҳои савдо, мағозаҳо, ошхонаҳо ба фурӯш бароварда, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Дар натиҷа, ба ҶДММ “Мурғи Шоҳ” ба маблағи 627 ҳазору 301 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















