Дастгир гардидани ҷавони 26-сола бо ҷурми дуздии чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо ариза марди 52-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2025, шахсони номаълум аз замини хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















