Боздошти марди 33-сола бо ҷурми авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 17-уми декабри соли 2025 тахминан соатҳои 05:00, ҳангоми дар маҳаллаи Сомонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қисмати қафаси синаи марди 30-сола зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















