Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як сафари корӣ аз ВКД Федератсияи Россия дидан кард

Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати сардори Раёсати ташхисӣ (эксперт)-криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм, директори Бюрои Миллии Марказии «Интерпол» полковники милитсия Назриев Шаҳриёр ва сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Шарифзода Темур Икром бо мақсади шиносоӣ ва табодули таҷриба ба шаҳри Москваи Федератсия сафар намуданд.

Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти БММ «Интерпол»-и Федератсияи Россия шинос шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Созмони байналмилалии полиси ҷиноӣ - Интерполро баррасӣ карданд.
Ҳайати мазкур аз таҷрибаи ҳамкорони мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия бархӯрдор гардида, мубодилаи таҷриба намуда, азми худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои минбаъда дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.
Дар ҷараёни сафар вохӯриҳо бо роҳбарияти воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия доир гардида, дар рафти онҳо сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба қайд карда шуд.
Зимни сафар намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарраёсати ВКД Россия дар шаҳри Москва дидан намуда, дар он ҷо бо ташкили тадқиқоти криминалистӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти полис шинос шуданд.
Гул Маҳбуба

 

11.01.2024 19:01
36