Ҳалокати ронанда ва пиёдагард дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
15-уми декабри соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Марк ХZIO», Талохов Аҳлиддин Икромович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Усмонова Бимарифат Абдуғаниевна, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Усмонова Б.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
15-уми декабри соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Шерзода Хайриддини Муроталӣ, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Қаратоғ ба самти деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Гулбуттааи ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии канори роҳ тахминан 80 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Шерзода Х.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















