Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ду ҷавони 18-сола бо ҷурми дуздии телефони мобилӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 16-уми декабри соли 2025, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар тарабхонаи дилхушии “Ҷавонон”, воқеъ дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ 1-адад телефони мобилиаш тамғаи “Айфон”-ро  дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ду ҷавони 18-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

17.12.2025 8:06
24