Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 35-сола барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

15-уми декабри соли 2025, тахминан соати 23:00, марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан дар назди ошхонаи  «Сихкабоби Хуҷанд», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри мазкур бо ҳамроҳии рафиқаш марди 41-солаи сокини ҳамин шаҳр дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол намуда, марди 35-сола бо корд як маротиба ба мавзеъи қисми поёни шикам аз чап ва як маротиба ба қисмати болоии пойи чапи ҷабрдида зарба зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони расонидааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

17.12.2025 8:04
49