Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар дар мавзуи «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои киберӣ»

Аз 5-ум то 18-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин семинар барои ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзуи «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои киберӣ» баргузор гардида истодааст.

Дар семинари мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Айнизода Камол, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҳикматзода Иззатулло ва дигар кормандони салоҳиятдор иштирок намуда истодаанд.

Дар рафти семинар роҳҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои киберӣ, инчунин ҳамкории муштарак дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷониби олимону мушовирон ва мутахассисони касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар рафти мубоҳисаю муҳокима аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор мегарданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия

15.12.2023 17:53
78