Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фиреби шаҳрвандон бо сӯистифода аз боварӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2024 марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 613 ҳазор сомонӣ ва 46 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо аз ин маблағҳо 558 ҳазору 910-сомонӣ ва 19 ҳазору 850-доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда 54 ҳазору 90-сомонӣ ва 26 ҳазору 150-доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аввалҳои соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, аз ӯ 9-адад автомобилҳои гуногунтамғаро ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст,  ки маблағи автомашинаҳои мазкурро дар муддати кутоҳ пардохт менамояд, аммо автомобилҳои мазкурро ба фурӯш гузошта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

16.12.2025 8:32
30