Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Густариши муносибатҳои байналмилалии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»

24-уми октябри соли 2023, дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаву судманд, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Ализода Анварҷон Ҷума бо намояндаи ширкати сохтмонии «Вибилд»-и давлати Италия, менеҷери бехатарӣ оид ба амалиётҳои байналмилалии гурӯҳи ширкати мазкур Антонио Ди Чезаре вохӯрӣ анҷом дод.

Сардори хадамоти мазкур генерал-майори милитсия А. Ализода меҳмононро ба ҷумҳурии меҳмоннавозу офтобии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки ба бехатариву амният, осоиштагиву оромии давлат ва ҳар як шаҳрванд роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти ВКД, бахусус Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро диққати аввалиндараҷа дода, баҳри пойдории ин осоиштагӣ тамоми кӯшишу имконотро равона кардаанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳои судманд, хизматрасонии баланди кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД ибрози андеша намуданд.
Раҷаббек Илёсов

25.10.2023 16:25
35