Иштироки намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти гурӯҳи кории "Гейгер" Тошканд-2023
3 майи соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон нишасти гурӯҳи кории "Гейгер" аз рӯи барномаи дастгирии кишварҳои аъзо дар иҷрои қонунҳо, вазифаҳои марбут ба таҳдидҳои кимёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ, ҳастаӣ ва тарканда таҳти роҳбарии Ташкилоти байналмилалии политсияи ҷиноятӣ "Интерпол" кори худро оғоз намуд, ки то 5 майи соли равон идома хоҳад дошт.
Дар нишасти мазкур бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ташхисӣ - криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Азиззода А.Қ., сардори БММ "Интерпол"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Назриев Ш.Ҷ., муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, нозири калони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Далер, намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон Сайфиева Зарина ва Муминов Сафарали иштирок доранд.
Дар ҷараёни нишаст гурӯҳи корӣ доир ба масоили матраҳшаванда фикру пешниҳодҳои худро иброз намуда, қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад.

















