Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 20-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми декабри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ  ба  хобгоҳаш даромада, аз он ҷо 1-адад корти бонки “Душанбе Сити”-ашро гирифта, аз дохилаш 3 ҳазору 950 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Сангвор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

11.12.2025 8:44
36