Ғолибияти динамочиён дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
6-7-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо ВТ байни ҷавонон ва калонсолон дар толори Муассисаи ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба бо ибтикор ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи таэквондо ВТ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мусобиқа зиёда аз 100 варзишгар аз 15 даста ширкат варзиданд. Рақобат дар 10 вазн анҷом ёфт, ки аз он 5 вазн барои духтарон ва 5 вазн барои писарон пешбинӣ шуда буд. Чорабинӣ бо ҳузури мухлисон ва дӯстдорони варзиш дар сатҳи баланд баргузор гардида, фазои варзишӣ ва рақобати хотирмон эҷод намуд.
Дар ин мусобиқа варзишгарони «Динамо» таҳти раҳбарии Шоҳиён Аслиддин, Ҳайдарзода Даврон ва Шарипов Бахтовар, бо ҳайати 25 нафар варзишгар иштирок намуда, ба натиҷаҳои шоён ноил гардиданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа онҳо сазовори 10 медал гардиданд, аз ҷумла:
10 медали тилло,
4 медали нуқра,
8 медали биринҷӣ.
Ин дастовард шаҳодат медиҳад, ки меҳнати мураббиён ва саъю кӯшиши варзишгарон самараи назаррас дода, таэквондо ВТ имрӯз ҳамчун яке аз самтҳои муҳим ва фаъол миёни ҷавонон ҷойгоҳи устувор касб кардааст.





























