Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пирӯзии динамочиён дар мусобиқа оид ба таэквондо ВТ

2-юми декабри соли 2025 дар  толори Муассисаи ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ВТ байни ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо ибтикор ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи таэквондо ВТ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мусобиқа зиёда аз 40 варзишгар аз 8 даста ширкат варзиданд. Рақобат дар 10 вазн анҷом ёфт, ки аз он 5 вазн барои духтарон ва 5 вазн барои писарон пешбинӣ шуда буд. Чорабинӣ бо ҳузури мухлисон ва дӯстдорони варзиш дар сатҳи баланд баргузор гардида, фазои варзишӣ ва рақобати хотирмон эҷод намуд.
Дар ин мусобиқа варзишгарони «Динамо» таҳти роҳбарии Шоҳиён Аслиддин, Ҳайдарзода Даврон ва Шарипов Бахтовар, бо ҳайати 15 нафар варзишгар иштирок намуда, ба натиҷаҳои шоён ноил гардиданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа онҳо сазовори 10 медал гардиданд, аз ҷумла, бо 4 медали тилло, 2 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ сазовор шуданд.

10.12.2025 14:09
40