Ифшо шудани ду ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршаванда 34-адад қуттии картонӣ, ки дар дохилашон маводҳои тарфгарӣ (хлопушка)-и тамғаи “ТРЕНИЯ” ба миқдори 15 ҳазору 300 дона дар назди шахсони холис протокол тартиб дода, гирифта шуд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён 7-уми декабри соли 2025, аз манзили истиқоматиаш 5-адад қуттиҳои калонҳаҷми картонӣ маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) навъи “Пиротехническая хлопушка” дар намуди силиндршакл буда, миқдори он 108 ҳазор донаро ташкил медиҳад, барои ба фурӯш баровардан ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Авалон” ҷой намуда, ба тарафи шаҳри Левакант ҳаракат намудааст.
Гумонбаршаванда ҳангоми фурӯхтан ва ба соҳибияти каси дигар додани маводҳои мазкур дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда ва шариконаш бо қисми 2 иловаи-1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















