Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар

6-уми декабри соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Аҳмадқулов Бунёд Ғозибекович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва расидан дар километри 66-уми ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаашро ба ҷарӣ чаппа намудааст. 
Дар натиҷа, худи ронанда Аҳмадқулов Б.Қ. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
6-уми декабри соли 2025, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа бонга”, Зарипов Ҷалол Баротович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Шаҳринав ба самти ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши автомашинааш пиёдагард Қараев Мухтор Табарович, соли таваллудаш 1959, сокини ҳамин ноҳияро, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, пахш намудааст. 
Дар натиҷа Қараев М.Т. ҷароҳатҳои  вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи  ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
6-уми декабри соли 2025, ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Мирзозода Қамариддин Аҳлиддин, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе  дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми декабри соли 2025, тахминан соати 22:52-дақиқа, бо автомашинаи боркаши тамғаи “HOWO”, ҳангоми дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт ҳаракат карданаш аз беэҳтиётӣ марди 49-солаи сокини пойтахтро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷа, Файзуллоев Н.Э. дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
7-уми декабри соли 2025, тахминан соати 07:30-дақиқа,  ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Туксон», Султоназаров Алимардон Беҳрузович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Спитамен ба самти шаҳри Хуҷанд, дар километри 283-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда Ҳақназаров Хайрулло Умурзоқович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Спитамен бархӯрдааст.  
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра»,  Ҳақназаров Уктамҷон Бозорбоевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

08.12.2025 8:28
32