Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани кирдорҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 68-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми феврали соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии зани 42-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ манзили истиқоматиаш воқеъ дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуровро харидорӣ намуда, аз ин маблағ 75 ҳазор сомониашро дода боқимонда 75 ҳазор сомониашро ваъда додааст, ки дар  муддати як сол пардохт менамояд, аммо боз такроран бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини  ноҳияи Спитамен ва марди 50-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз онҳо 210 ҳазор сомонӣ гирифта, 13-уми майи соли 2022, дар идораи давлатии нотариалии шаҳри Хуҷанд ба номи марди 50-сола ваколатнома додааст, ки  манзили истиқоматии мазкурро фурӯшад, 2-юми августи соли 2024, гумонбаршаванда аз зани 42-сола маблағи 75 ҳазор сомонии қаблан додаашро гирифтааст, ки бо ин кирдораш ба ҷабрдидагон зарар ба миқдори махсусан калон расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Толҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

08.12.2025 8:26
32