Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 32-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Балҷувон бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 5-уми декабри соли 2025, ҳангоми дар мағозаи бо ном "Усмонҷон", воқеъ дар ҳудуди бозори марказии ноҳияи Балҷувон, ки ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар маводҳои маишӣ машғул буд, ҳамзамон дар мағозааш бо нигоҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори калон машғул шудааст.
Ҳангоми азназаргузаронии мағозааш 70 қуттӣ бо 10-адад қутичаҳо, ки дар дохили онҳо 45-адад капсулаҳо 31 ҳазору 500-адад капсулаҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дарёфт ва мусодира карда, гирифта шуд.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 1 қисми 2 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон павандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

08.12.2025 8:23
42