Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми декабри соли 2025, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Лексус-350”, як адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 12 Промакс”-ро дузида,  аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 19-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки пеш  бо қисми 2 моддаи 248 ва қисми 1 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 25-уми июни соли 2025, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 56-солаи сокини ноҳияи Варзоб даромада, аз он ҷо 1-адад асбоби челонгарӣ, 2-адад асбоби сохтмонии «балгарка», 1-адад асбоби «шупавёр», 1-адад дастгоҳи гармкунаки барқӣ ва 1-адад гӯшвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 8 ҳазору 930 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

08.12.2025 8:20
27