Даст ба авбошӣ задани марди қаблан судшуда
6-уми декабри соли 2025, тахминан соатхои 18:50-дақиқа, марди 30-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ки пеш бо иловаи 1 моддаи 338 ва моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, айни ҳол бошад дар қайди муассисаи Ислоҳоти сукунатӣ мебошад, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо амакаш марди 46-солаи сокини ҳамон ҷо аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанчол намуда бо корд як мартиба ба дасти рости амакаш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















