Ифшо шудани сӯйиқасди одамкушӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони сӯйиқасди одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, бо ҳамроҳии бародараш марди 35-солаи сокини ҳамон ҷо бо давъати раиси ҷамоати мазкур марди 49-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ба назди ӯ рафта мебинанд, ки дар он ҷо ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки қалбан бо ҷиянаш ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки зиндагониашон вайрон шуда, буд ҳузур дорад.
Ҷавони 26-сола нисбати бародараш марди 35-сола беҳурматӣ зоҳир намуда, дар ин вақт гумонбаршаванда ӯро ба замин афтонида бо корд 3 маротиба ба қисмати дасти рост ва банди пойи росташ зарба зада ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 32 ва қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















