Ҳалокати мусофир дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ
4-уми декабри соли 2025, тахминан соатҳои 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Юлдошев Акбаралӣ Анварович, соли таваллудаш 1992, бо ҳамроҳии мусофиронаш Юлдошзода Аннақул Шоим, соли таваллудаш 1983 ва Искандаров Анварҷон Абдухолиқович, соли таваллудаш 1989, сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Шаъбунов Абдулҳамид Тоҷиевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Искандаров А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.














