Сохтакорӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, 29-уми сентябри соли 2025, ҳангоми дар назди бинои ширкати ҶДММ “Акома” қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, худро корманди ширкати ҶДММ «Акома» сардори шуъбаи "аудит оид ба хариду фурӯши маҳсулотҳои ширкат" муаррифӣ намуда, барои аз Ҷумҳурии Туркия тавассути ширкати мазкур ворид намудани маҳсулоти «қимамурғ» дар ҳаҷми 100 тонна ба маблағи 80 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Инчунин гумонбаршаванда мавриди қабул намуда, гирифтани маблағи пулии мазкур дидаву дониста аз номи ширкати ҶДММ «Акома» бо роҳи қалбакӣ шартномаи хариду фурӯши маҳсулот аз 29-уми сентябри соли 2025 тайёр намуда ба ҷабрдида додааст.
Бо ин кирдораш гумонбаршаванда зарари моддии махсусан калон дар ҳаҷми 80 ҳазор доллар амрикоӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


















