Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавонзани 19-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи ноябри соли 2025, "Амир" ном шахс дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграмм” бо мустаори “aminachai” саҳифа кушода, дар он аксҳои ӯро паҳн намуда, дар қисмати ному насаб навиштаҷоти бадахлоқона “SEХY GIRL” сабт намудааст ва барои пок кардани суратҳо ва навиштаҷот аз ӯ бо роҳи тамаъҷӯӣ ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

06.12.2025 8:20
61