Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ноҳияи Ашт хонандагон дар вазъияти тантанавӣ соҳиби шиноснома гаштанд

Масъулини ХШБ шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ашт марҳилаи навбатии таъмини наврасони ба синни шиносномагири расидаро дар ҳудуди маъмурӣ оғоз намуданд. Бо ҳамин мақсад корҳои тарғиботии огоҳсозанда дар мактабҳо фаъолияти нақшавӣ дар ин самт мебошад, ки бо роҳбарии сардори хадамоти мазкур подполковники милитсия Сироҷиддин Усмонзода дар ҳама муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида хоҳад шуд. То ин ки наврасон оид ба тартиби қонунгузории низоми шиносномадорӣ маълумотнок гардида саривақт ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шаҳрвандиро ба даст оранд. Ҳамчунин ҷиҳати ҳавасмандии наврасон чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ ташкил карда мешавад.
Санаи 5 декабр ҳамингуна чорабинии ботантанаи шиносномасупориро масъулини ХШБ ШВКД дар ноҳияи Ашт дар МТМУ №10 ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳия гузаронида гуруҳи калони хонандагони ба синни шиносномагири расидаро дар ҳузури ҳамсинфон ва аҳли омӯзгорон дар вазъияти тантанавӣ бо шиноснома таъмин намуданд.
Хонандагони соҳибшиноснома гашта қаблан ба таври соддакардашуда дар ҳайати гуруҳӣ дар хадамоти шиносномасупорӣ ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароварда буданд. Талаботи онҳо саривақт қонеъ ва дар муҳлатҳои муқаррашудаи қонунгузорӣ шиноснома ба соҳибонаш дастрас карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ тарзи дурусти ҳифзи шиноснома ва истифодаи он, риояи реҷаи муқарраршудаи шиносномадорӣ ва дигар паҳлуҳо вобаста ба шиносномаро сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Ашт подполковники милитсия Сироҷиддин Усмонзода ба хонандагон фаҳмонида, иштиркчиёни ҷамъомади тантанавиро ба интихоби тарзи ҳаёти солим, масъулиятшиносӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Ватан ҳидоят намуд. 
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

06.12.2025 10:10
32