Мулоқоти судманд бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ
Дар асоси фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2025, таҳти №812 гурӯҳи кории босалоҳият аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши вазъи маданияти шаҳрдорӣ, риояи қоидаҳои сохтмону меъморӣ, сарфакорона истифода намудани нерӯӣ барқ, будубоши қонунии шаҳрвандон, пешгирии хатари хурофотпарастию ифротгароӣ таҳти роҳбарии муовини сардори раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Қурбонзода Валишо Нарзулло санаи 1 то 4 декабри соли 2025 ба минтақаҳои шарқии кӯҳдомани ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар карда шуд.
Ба гурӯҳи корӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, раисон ва масъулини ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва Роҳатӣ, деҳаҳои Болошаҳр, Тезгари боло, Теппаи Самарқадӣ, Охчакман, Меҳтарӣ, Дова, Мағумруд, Навобод, Шайхон, Роҳатӣ, Нилкон ва Дара ҷалб карда шуданд.
Аъзоёни гурӯҳи корӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷамоатҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, масчидҳои ҳудуди ҷамоату деҳаҳои номбурда ташриф оварда бо шаҳрвандон, омӯзгорон, табибон, имомхатибону намозгузорон вохӯриҳо гузарониданд.
Зимни вохӯриҳо оид ба сарфакорона истифода намудани нерӯӣ барқ, сабабу омилҳои тадбирҳои андешидашуда дар самти маҳдудияти таъминоти нерӯи барқ, риоя намудани қоидаҳои сохтмону меъморӣ ва маданияти шаҳрдорӣ, риояи тартиби будубошу истиқомат, риояи талаботи қонунҳои ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», вобаста ба талаботи қонун ва эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дар сурати ихтиёран ба Ватан баргаштан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои самти экстремистӣ-террористӣ дар кофтуков қарор доранд, хатари хурофотпарастию ифротгароӣ, риоя намудани қоидаҳои зидди сӯхтор, тозагии маҳал ва шаҳр, кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ дар талу теппаҳои наздики манзилҳои истиқоматиашон, инчунин оид ба риояи тарзи пӯшидани сару либоси миллӣ ва ҳимояи фарҳанги миллӣ корҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.



















