Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯхтор дар мағозаҳои тиҷоратӣ

 6 декабри соли 2025, соати 08:18 дақиқа дар мағозаҳои тиҷоратӣ, воқеъ дар кӯчаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.
Фавран ба ҷойи ҳодиса 13 адад нақлиётҳои оташнишонӣ ва 5 адад нақлиётҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе сафарбар карда шуд.
Ҳангоми дар соати 08:21 дақиқа ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани ҷузъу томҳои ХДО алангаи оташ мағозаҳои қолин, курпаворӣ ва кошонаи ҳусн дар масоҳати 180 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои ҳамшафати он ба миён омада буд.
Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ ва саривақтии кормандони ҷузъу томҳои ХДО сӯхтор соати 10:33 дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Таҳқиқоти ҳодисаи мазкур идома дорад.

07.12.2025 15:34
119