Муайян шудани ҳолати қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми ноябри соли 2025, дар кӯчаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 43-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ҳуҷҷатҳои қалбакии масоҳати 57,3-метри мураббаъи хонаи истиқоматиро, ки дар ошёнаи 5-ум аз биноҳои сохтмонаш нотамоми ҶДММ «Шелон Иншоот», ки дар асл ба ному насаби дигар кас хуҷҷатгузорӣ гардидааст, ба маблағи 314 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















