Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, 3-юми декабри соли 2024, бо марди 39-солаи сокини ноҳияи Темурмалик, тариқи хаттӣ шартнома баста, тибқи шартномаи мазкур 369 сар чорвои майдаи шохдор, 12 сар чорвои калони шохдор ва як сар аспро барои нигоҳубин қабул намудааст, аммо гумонбаршаванда ҳамчун шахси ҷавобгари моддӣ дидаю дониста, ки чорво ба ӯ бовар карда супорида шуда, дар ихтиёриаш мебошад, бар хилофи шартҳои шартнома ва уҳдадориҳои ба зимааш гузошта қасдан амал намуда, дар давраи фаъолияти кориаш мунтазам ба азонихудкунӣ ва исрофкорӣ даст зада, 111 сар чорвои майдаи шохдор ва 7 сар чорвои калони шохдорро азонихуд намудааст.
Зарари расонидашуда 314 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, 24-уми майи соли 2021, бо марди 39-солаи сокини ноҳияи Темурмалик, тариқи хаттӣ шартнома баста, тибқи шартномаи мазкур 446 сар чорвои майдаи шохдор ва 12 сар чорвои калони шохдорро барои нигоҳу бин қабул намудааст, аммо гумонбаршаванда ҳамчун шахси ҷавобгари моддӣ дидаю дониста, ки чорво ба ӯ бовар карда супорида шуда, дар ихтиёриаш мебошад, бар хилофи шартҳои шартнома ва уҳдадориҳои ба зимааш гузошта қасдан амал намуда, дар давраи фаъолияти кориаш мунтазам ба азонихудкунӣ ва исрофкорӣ даст зада, 116 сар чорвои калони шохдор ва 3 сар чорвои калони шохдорро азонихуд намудааст.
Зарари расонидашуда 262 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

04.12.2025 8:12
36