Ба вуқӯъ пайвастани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
1-уми декабри соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдуназаров Фурқатҷон Эгамназарович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд дар километри 247-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ берун гардида, ба садама дучор гаштааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Абдуназаров Ф.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони автомашинаи мазкур Бердиқулов Ризоқул Бобоқулович, соли таваллудаш 1986 ва фарзандаш Бердиқулов Рустам Ризоқулович, соли таваллудаш 2012, сокинони шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
2-юми декабри соли 2025, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», Гулямов Комилҷон Алимардонович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода бо мотоскутер, ки таҳти идораи ронандаи шахсияташ номаълум қарор доштааст, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мотоскутер ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















