Ошкор гардидани ҷинояти азонихудкунӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи директори ҶДММ “Нарзан”, марди 41-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ворид гардидааст, ки марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе дар асоси фармон аз 10-уми октябри соли 2024 то 2-юми сентябри соли 2025, ба ҳайси намояндаи савдо дар ҶДММ “Нарзан” кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш аз амборхонаи ҷаъмияти мазкур ба маблағи 666 ҳазор сомонӣ маводҳои хӯроквориро қабул намудааст.
Сипас номбурда онҳоро ба нуқтаҳои савдои ноҳияҳои тобеъи марказ ба фурӯш бароварда, аз ҳисоби фурӯши маводҳои хӯрокворӣ ба хазинаи ҷамъият 429 ҳазору 358 сомонӣ пардохт намуда, фарқияти он маблағи 236 ҳазору 642 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ дар болои мағозаҳо мавҷудбудаи бақияи маводи хӯрока маблағи 87 ҳазору 22 сомониро ташкил дода, боқимонда маблағи 149 ҳазору 620 сомониро аз мағозаҳо ҷамъоварӣ намуда, ба хазинаи ҶДММ “Нарзан” насупорида азонихуд карда, ба манфияти шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















