Вохӯрии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо сокинони шаҳри Ваҳдат
Рӯзҳои 25-29-уми ноябри соли 2025 гурӯҳи кории босалоҳият аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ оид ба вазъи маданияти шаҳрдорӣ, риояи қоидаҳои сохтмону меъморӣ, сарфакорона истифода намудани нерӯӣ барқ, будубоши қонунии шаҳрвандон, пешгирии хатари хурофотпарастию ифротгароӣ таҳти роҳбарии муовини сардори раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Қурбонзода Валишо Нарзулло ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд.
Дар толори маҷлисгоҳи Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур, раисон ва масъулини ҷамоатҳои деҳоти Баҳор, Симиганҷ ва ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ, деҳаҳои Шаҳристон, Пистамазор, Камонгарон, Мачитон, Зарафшон, Зафаробод, Чашмасор, Лолазор, Арбоб, Қалъача, Фириштӣ ва шаҳракҳои Хиштгарону Шифо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин давра гурӯҳи корӣ дар 18 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Баҳор, Симиганҷ ва шаҳраки Нуъмон Розиқ вобаста ба ташрифи саривақтии хонандагону омӯзгорон ба дарсҳо, риояи пӯшидани сару либоси мактабӣ корҳои мушоҳидавӣ ва суҳбатҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Ҳамзамон дар 4 бунгоҳи тиббӣ ва беморхонаи ҷумҳуриявии «Мачитон»-и шаҳри Ваҳдат бо табибону кормандон, инчунин бо зиёда аз 3 ҳазор нафар шаҳрвандон оид ба сарфакорона истифода намудани нерӯӣ барқ, сабабу омилҳои тадбирҳои андешидашуда дар самти маҳдудияти таъминоти нерӯи барқ, риоя намудани қоидаҳои сохтмону меъморӣ ва маданияти шаҳрдорӣ, риояи тартиби будубошу истиқомат, хатари хурофотпарастию ифротгароӣ, риоя намудани қоидаҳои зидди сӯхтор, тозагии маҳал ва шаҳр, кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ дар талу теппаҳои наздики манзилҳои истиқоматиашон, инчунин оид ба ҳимояи фарҳанги миллӣ корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.





















