Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Чорабинии идона ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД

3-юми декабри соли 2025  дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар вилояти Суғд ба муносибати рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси (ВТМ) ВКД бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода, муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии минтақа, ҳайати шахсии Даста ва собиқадорони соҳа чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Мавриди қайд аст, ки 5 декабри соли 1995 дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ Дастаи таъиноти махсуси милитсия таъсис ёфта баъдан ба Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД табдили ном кардааст.
Пас аз шинос шудани ҳайати меҳмонон аз имкониятҳои низомӣ, аз ҷумла техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти муосири ҷангӣ, дар майдончаи сафороии Даста бо зинда сароидани Суриди миллӣ чорабинии идона оғоз ёфт.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода бо маърӯзаи табрикотӣ баромад намуда, диловарони дастаро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро таҳният гуфт. Гуфта шуд, ки фаъолият дар ин пешаи пурифтихор интихоби мардони ватандӯст мебошад. Онҳо дар ҳама гуна вазъият омодаанд садоқати худро ба Ватан ва халқ нишон диҳанд. Ҷавонони ҷасуру далер,  чусту чолок ва рӯҳану ҷисман обутобёфта дар сафи ДТММ дар вилояти Суғд кору фаъолият доранд, ки дар ҳолатҳои зарӯрӣ баҳри барҳам задани ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, боздошти ҷинояткорони хавфноки мусаллаҳ ва дигар зуҳуроти номатлуби халалдорсозандаи осоиштагӣ саҳм гузоштаанду мегузоранд.
Ҳамзамон муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода номаи табрикотии раиси вилоятро ба самъи ҳозирин расонида, оид ба мавқеъи намоёни ДТММ Раёсати ВТМ ВКД дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки  Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва ҳам халқи кишвар хизмати содиқона, шуҷоат ва иродаи мустаҳкаму мардонагии кормандони ин ниҳодро ҳамеша қадр мекунад. 
Кормандони ВТМ ВКД, аз ҷумла Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар вилояти Суғд дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ гузашта, донишу маҳорат ва малакаи касбӣ, шаклу усулҳои мухталифи хизматии худро такмил дода, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин ва имрӯз ба як ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишварамон табдил ёфтааст. Дар давраи фаъолият ДТММ ВКД собит намуд, ки кормандонаш ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ҳамеша омодаанд баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа ҷони худро нисор намоянд. 
Дар ҷараёни чорабинӣ бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи кормандони ҳангоми иҷрои вазифа ҳалокгардидаро ёдоварӣ карданд.
Дар идомаи чорабинӣ бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд як қатор кормандон барои хизмати содиқона ва иҷрои бенуқсони уҳдадории хизматӣ ба муносибати ҷашни касбӣ дар фазои тантанавӣ бо медалу нишонҳои соҳавӣ,  Ифтихорнома, Раҳматнома ва Сипоснома қадршиносӣ карда шуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинии идона ҳайати шахсии Даста дар назди ҳозирин машқҳои тактикӣ, аз қабили муҳорибаи тан ба тан, безараргардонии ҷинояткори мусаллаҳ, озод намудани гаравгонҳо аз бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва дастгир кардани гуруҳи муташаккили ҷиноятиро бо маҳорати баланд нишон доданд.
Гузашти мураттаби низомӣ анҷомбахши чорабинии идона гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки соли равон 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД буда, тули фаъолият ин ниҳод ҳомии давлату миллат будани худро борҳо собит намудааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

03.12.2025 14:58
70