Зи дониш шавад кори гетӣ басоз…
Таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мактабу маориф аз масъалаҳоест, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дарҷ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки мақомоти корҳои дохилӣ бо дигар сохтору идораҳои дахлдор, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешаванд. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин гуна чораандешиҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамин аст, ки кормандони шуъбаи ошкоркунии ҷиноят дар байни ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷроиши талаботи таҳсил дар мактабҳои олӣ, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чорабинии мақсаднок гузарониданд.
Мавриди зикр аст, ки ин мактаби олии таълимӣ яке аз муассисаҳои муҳимми ҷумҳурӣ дар самти мутобиқи замон тайёр кардани кадрҳо маҳсуб меёбад. Бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти донишгоҳ қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.
Ин донишгоҳ дар ноҳияи Данғара воқеъ гардида, ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, дониши донишҷӯён ва ҳам аз ҷиҳати риояи талаботи марбутаи соҳаҳои маорифу тандарустӣ намунавӣ мебошад. Воқеан, намуди зоҳирии донишҷӯёни ин таълимгоҳ, риояи қоидаи либоспӯшӣ ва иштироки онҳо дар дарсҳо шоистаи таҳсин буда, тозаву озода будани саҳни донишгоҳ ва бо овезаҳои гуногун оро додани дохили бинои он боз ҳусни дигар зам намудааст.
Дар вохӯрие, ки пас аз роҳандозии чорабинии мақсаднок бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни ин донишгоҳ гузаронида шуд, кормандони милитсия оид ба паҳлуҳои гуногуни қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои ҷавонон, сиёсати давлатии онҳо, масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва дигар омилҳои ба ҳаёту фаъолияти ҳаррӯзаи ҷавонон марбут, андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки амалисозии талаботи ин қонунҳо боиси боз ҳам хубтару беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ ва ҳам дониши донишҷӯён мешаванд.
Кори тарбия дастаҷамъӣ буда, робитаи байни мактабу оила ва ҷомеа бояд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ҷамъомади судманде, ки бо иштироки масъулини Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи маорифи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баргузор гардид, як қатор масъалаҳои рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин вохӯрӣ, ки роҳбарияти соҳаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимии ин ноҳия ширкат варзиданд, дар бораи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави иртиҷоӣ, роҳҳои барои илму донишомӯзӣ ҳавасманд сохтани намояндагони ин насли ояндасози кишвар, ҳамчунин истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар мавсими зимистони ҷорӣ, ибрози назар карда шуд. Тавре таъкид гардид, «вазифаи ҳар як хонандаи мактаб ин аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, саҳми арзандаи хешро дар пешрафти ин сарзамин гузорад. Бояд ҷавонону наврасон пайваста пайи омӯзиши илму маърифат буда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, номбардори Ватан ва волидони хеш гарданд».
Дар идома қайд карда шуд, ки ин ҷамъомад бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида, мақсад аз он баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии омӯзгорону волидон ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ ва илму донишомӯзӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон мебошад. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар ноҳияи Данғара ба хотири солимгардонии аҳли ҷомеа як қатор иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст.
Оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» низ андешарониҳо сурат гирифтанд. Тавре иброз гардид, дар доираи ин санади муҳим баҳри тарбияи фарзандон ва ба роҳи дуруст раҳнамун сохтани онҳо бояд тамоми чораҳо андешида шаванд.
Кормандони милитсия дар ин вохӯрӣ, ҳамзамон доир ба талаботи дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба ҳаёту фаъолияти наврасону ҷавонон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ибрози андеша карда, аз иштирокчиёни ҷамъомад даъват намуданд, ки дар таълиму тарбияи мактаббачагон масъулияти бештар зоҳир кунанд. Зеро кори тарбия дастаҷамъӣ буда, ба ин хотир робитаи байни мактабу оила ва ҷомеа бояд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Масъулину намояндагони дигар идораҳои дахлдор низ баромадҳо карда, доир ба таълиму тарбияи насли наврас ва рисолати омӯзгор андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Дар бораи одобу ахлоқи наврасон андешарониҳо сурат гирифта, аз пешгирии муноқишаҳои байнимактаббачагон ёдоварӣ карда шуд. Дар робита ба ин мушкилоти ҷомеаи имрӯз, аз тамоми иштирокчиёни чорабинӣ талаб карда шуд, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна қонуншиканиҳо худро бетараф нагирифта, тамоми чораҳои заруриро барои тарбияи насли наврас андешанд ва нисбати тақдири онҳо бетарафӣ зоҳир накунанд.
Кормандони милитсия вобаста ба сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷониби ноболиғон дар мисоли чанде аз шаҳру ноҳияҳо маълумот дода, таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба ҳолатҳои халалдорсозандаи раванди таълиму тарбия ва таҳсил равона карданд. Ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму дониш ва ташкили ҳар гуна мусобиқаҳо дар байни онҳо метавонад дар оянда насли солиму созандаро ба камол расонад. Таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба сифати таълиму тарбияи наврасон ва назорати ҳаёти берун аз мактабии онҳо низ ҳамчун омили рушддиҳандаи қобилияти зеҳнӣ арзёбӣ карда шуд.
Дар охири вохӯрӣ ташкилкунандагони он аз шароитҳои муҳайёсохтаи давлат ва пос доштани арзишҳои миллӣ ёдоварӣ карда, зикр намуданд, ки «наврасону ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ пайи аз худ намудани илму дониш бошанд ва дар ин замина, барои аз бар кардани тарзи истифодаи техникаву технологияҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ кӯшиш намоянд, зеро нафаре ки пайи омӯзишу касбу ҳунар мешавад, ба муваффақиятҳо ноил гардида, дар зиндагӣ роҳи дурустро пайдо мекунад».
Абдулло ШОҲИЁН,
корманди РОПҲНҶ ВКД ҶТ,
подполковники милитсия


















