Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳумои парчамӣ

Ба сақфи осмони Тоҷикистон
Парафшонӣ кунад мисли кабутар,
Ҳумои парчами бахту саодат,
Ҳумои парчами озодакишвар.

Бе зери сояи болу тани ӯ,
Ватандори Ватан хушбахту масрур.
Зи боди болҳои паҳлавонаш,
Ду чашми ҷумлаи хаффошҳо кӯр.

Набинед сода ранги парчамамро,
Ба рангорангиву ҳафти ситора.
Дирафши ковиёнӣ ҳаст ин ҷо,
Ва “ҳафт хон”-е, ки Рустам кард чора.

Нишону парчамат, ай Тоҷикистон,
Умеди тоҷики соҳибватан бод.
Ба зери болат, ай Симурғи кӯҳӣ,
Ҳумои сояат Афтобтан бод.

Ту пар зан ай ҳумо, то тоҷи тоҷик,
Ба зери сояи боли ту бошад.
Ту пар зан, ай ҳумо, то марзи кишвар,
Узори бахту иқболи ту бошад.

Маро табрик рӯзи парчами ту,
Туро табрик рӯзи парчами ман.
Ману ту як танем, як Тоҷикистон,
Ману ту як танем, як ҷисму як ҷон.

Азизаи Давлатшоҳ

02.12.2025 17:37
10