Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 20-уми октябри соли 2025, ҳангоми маросими ҷанозаи падараш марҳум пирамарди 72-солаи сокини ҳамон ҷо марди 62-солаи сокини ҳамин ноҳия овозаи бардурӯғ бароварда, ки гуё марҳум падараш аз ӯ 8 ҳазор сомонӣ қарздор буда, сари роҳи тобуташро гирифта маблағи болозикшударо талаб намуда гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.



















