Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша
27-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ноболиғони 17 ва 16-солаи сокинони шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо якдигар муноқиша намуда, ноболиғи 16-сола бо корд як маротиба ба тарафи чапи шиками ноболиғи 17-сола зарба зада, ӯро захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Дар натиҷа тибқи санади ташхиси тиббӣ-суддӣ ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















