Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба мурофиаи ҷиноятӣ

27-уми ноябри соли 2025 муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар Донишгоҳи Москвагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба номи В. Я Кикотя дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мурофиаи ҷиноятӣ: ҳолати кунунӣ ва стратегияи рушд» иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳамзамон бо дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., аз ҷониби генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо донишҷӯёни тоҷики ин муасиссаи бонуфузи таълимӣ вобаста ба рафти донишомӯзӣ ва сатҳу сифати таълим, тарбияи ватандустӣ, инчунин пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.

02.12.2025 13:34
89