Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи дастурдиҳӣ дар самти баргузории озмунҳо

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД бо мақсади шиносонидани Низомномаи озмунҳои “Забондони беҳтарин” ва “Китобхони беҳтарин” дар ВКД гуруҳи корӣ бо роҳбарии муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Сафаралӣ Довудзода бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, муовинони сардори шуъбаҳои ВКД дар самти кор бо ҳайатии шахсӣ ва кормандони сохторҳои кадрии мақомот дар минтақаи Суғд, ҷаласаи дастурӣ – роҳнамоӣ гузаронид. Чорабинӣ бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар самти фаҳмонидани мақсаду маром ва моҳияти озмунҳои мазкур, ҳамчунин омӯзиши низомнома ва талабномаҳои соҳавӣ баргузор гашт.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо дастури Вазири корҳои дохилӣ дар тамоми воҳидҳои сохтории мақомот, омӯзиши забонҳои хориҷии русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати шахсӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонӣ дар машғулиятҳо иштирок мекунанд. Баргузории озмун имконият медиҳад кормандон маҳорати  забондонии худро нишон дода беҳтаринҳо қадршиносӣ шаванд. 
Дар мавриди озмуни “Китобхони беҳтарин” таъкид гардид, ки китобхонӣ ин беҳтарин василаи рушди маънавию ахлоқӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва инкишофи маҳорати суханварӣ мебошад. Аз ҷумла, мутолиаи китобҳои бадеӣ, таърихиву соҳавӣ дар баробари баланд намудани сатҳи саводнокӣ, зеҳни шахсро ҳаматарафа обутоб дода тарбия менамояд, раванди андешарониро мураттаб ва баёни фикру мулоҳизаро устувору таъсирбахш мегардонад.
Тавре масъулин иброз доштанд дар марҳилаи аввал шуруъ аз моҳи феврали соли 2026 озмӯн дар минтақаҳо, сипас беҳтаринҳо ба давраи ҷумҳуриявӣ сафарбар мешаванд. Ғолибон дар баробари соҳиб шудан ба ҷоизаҳои пулӣ ва мукофотҳои соҳавӣ барои пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба захираи кадрии мақомоти корҳои дохилӣ гузошта мешаванд.
Ҳамзамон вобаста ба масъалаи мазкур аз тарафи сардори Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ибодулло Ҳасанзода бо муовинони сардори шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оиди кор бо ҳайати шахсӣ,  сардорони шуъбачаву гуруҳҳо ва нозирони самти кадрӣ ҷаласаи алоҳидаи методӣ гузаронида шуд. Ба масъулин дастур дода шудааст, ки ҳамчун ҳамоҳангсоз дар самти баргузории озмунҳо муносибати ҷиддӣ намуда, ҷиҳати дарёфти номзадҳои беҳтарин корбарӣ намоянд. 
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

02.12.2025 11:11
64