Ошкор шудани ҳолати мардумфиребӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки соли 2020 бо моддаҳои 328, 330 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, моҳи декабри соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, 1 адад автомашинаи шахсиаш тамғаи «Тайота-Кемри»-ро ба маблағи 135 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз он 35 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 100 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














