Боздошти ноболиғи 17-сола барои авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 27-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 20:40-дақиқа, дар назди маркази савдои “Садбарг”, воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 14-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди кисагии бо худ овардааш як маротиба ба тарафи чапи синаи ноболиғи 14-сола зарба задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















