Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ
28-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ХОВО”, Икромов Давлат Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Харангон бо самти деҳаи Девдараи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдушахмаев Ҳамзали Сайдалиевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Нурободро, ки ба корҳои сохтмонии роҳ машғул буд, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Абдушахмаев Ҳ.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















