Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати мардумфиребӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини  шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ  7 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш аз заминҳои захираи шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур дар масоҳати 0,6 гектар қитъаи замин  ҷудо намуда, медиҳад аммо то ҳол корро иҷро накарда, ӯро фиреб дода гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 ва қисми 1 моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

29.11.2025 8:40
28