Ифшо шудани ду ҳолати дуздии чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи зани 49-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 27-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчуин ба ШВКД дар ноҳияи Рашт аризаи зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 26 ба 27-уми ноябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ қулфи дари оғилхонаашро шикаста, аз он ҷо як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 25 ва марди 30-солаи сокинони ноҳияи Рашт содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















