Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 53-сола барои ба худкушӣ расонидан
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 53-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов аз соли 1996 то ин ҷониб мунтазам бо роҳи таҳдид шаъну шарафи ҳамсараш зани 50-солаи сокини ҳамон ҷоро паст зада, бо баҳонаи бо шахсони бегона муносибати маҳрамона доштан гӯё фоҳиша мебошад, дашномҳои кабеҳ намудааст.
17-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 05:40-дақиқа, зани 50-сола тоқат карда натавониста, бо мақсади худкушӣ намудан аввал банди дастонашро бо корд бурида, сипас аз дохили ошхонаи манзили истиқоматиашон сиркорро гирифта истеъмол намуда, суиқасди худкушӣ намудааст, ки дар натиҷа дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















