Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

25-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 18:25-дақиқа, ронандаи дучархаи муҳаррикдори "Скутер", Салимов Раҳмоналӣ Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи мазкур ногаҳон сагро пахш намуда, скутерро чаппа кардааст. 
Дар натиҷа, худи ронанда ва ҳамсараш Салимова Зикамоҳ Асадуллоевна, соли таваллудаш 1981,  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
26-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 06:30-дақиқа, Салимова З.А. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
26-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 08:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ғаниев Эҳсон Эркинович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Маҳрами ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри мазкур бо мақсади сабқат намудан ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Деу Лабо», таҳти идораи ронанда Раҳимов Илёс Баротович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Конибодом, ки дар ҳолати гардиш кардан дар тарафи чапи роҳ буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи мазкур ба тарафи канори чапи роҳ баромада пиёдагард, Холматов Содиқ Аъзамович, соли таваллудаш 1957, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Холматов С.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

27.11.2025 8:15
40