Дастгир гардидани марди 61-сола барои қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 61-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, 24-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 10:00, бо марди 56-солаи сокини ноҳияи мазкур дар заминҳои минтақаи партовгоҳи КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Палдорак машрубот истеъмол намуда, аз сабаби баҳсу мунозира ҷангу ҷанҷол карда, марди 61-сола бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 1-адад хиштро гирифта ба қисмати пушти сари марди 56-сола зарба зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуда, нисбаташ бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















