Ҳалокати мусофир бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
24-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 20:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Сантафе», Мамуров Илҳомҷон Икромҷонович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра F», таҳти идораи ронанда Холов Муҳаммадсодиқ Абдурасулович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра F», Туганов Раҳмонали Султоналиевич, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Турсунзода, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

















